Tiago 5
Хушхабар (TGK) vs NVI
1 Ҳоло шумо, эй сарватмандон, гӯш андозед! Шумо бояд гиряву нола кунед, чунки бало ба шумо наздик шуда истодааст.
1 Ouçam agora vocês, ricos! Chorem e lamentem-se, tendo em vista a miséria que lhes sobrevirá.
2 Сарвати шумо пӯсидаасту либосатонро куя задааст.
2 A riqueza de vocês apodreceu, e as traças corroeram as suas roupas.
3 Тиллову нуқраатон занг задааст. Худи ҳамин занг бар зидди шумо шаҳодат дода, баданатонро мисли оташ дармегиронад. Шумо бошед, дар ин рӯзҳои охир бойигарӣ ҷамъ кардаед.
3 O ouro e a prata de vocês enferrujaram, e a ferrugem deles testemunhará contra vocês e como fogo lhes devorará a carne. Vocês acumularam bens nestes últimos dias.
4 Бинед, шумо ба мардикороне, ки ҳосили заминҳоятонро ҷамъ овардаанд, бояд музди меҳнаташонро медодед, вале ғоратгарона онро надодед. Ҳоло ҳамин музди меҳнати онҳо бар зидди шумо нолаю фарёд мекунад ва ин фарёди ҳосилҷамъкунандагон то ба гӯши Худои пурқудрат расидааст.
4 Vejam, o salário dos trabalhadores que ceifaram os seus campos, e que por vocês foi retido com fraude, está clamando contra vocês. O lamento dos ceifeiros chegou aos ouvidos do Senhor dos Exércitos.
5 Ана шумо умри худро дар ин дунё бо кайфу сафо ва айшу ишрат гузаронда, худро мисли ҷонвароне, ки барои куштан парвариш мешаванд, барои рӯзи ҷавобдиҳӣ парвариш кардаед.
5 Vocês viveram luxuosamente na terra, desfrutando prazeres, e fartaram-se de comida em dia de abate.
6 Одами бегуноҳро, ки ба шумо зиддият нишон намедод, ҳукм карда, ба қатл расонидаед.
6 Vocês têm condenado e matado o justo, sem que ele ofereça resistência.
7 Бинобар ин, эй бародарон, чунон ки деҳқон бо сабру тоқат интизори борони баҳору тирамоҳ мешавад, то ки киштзори ғаллаи гаронбаҳояш ҳосил диҳад, шумо низ то омадани Худованд сабру тоқат кунед.
7 Portanto, irmãos, sejam pacientes até a vinda do Senhor. Vejam como o agricultor aguarda que a terra produza a preciosa colheita e como espera com paciência até virem as chuvas do outono e da primavera.
8 Монанди ҳамин шумо низ бо сабру тоқат устувор истед, чунки вақти омадани Худованд наздик аст.
8 Sejam também pacientes e fortaleçam o coração, pois a vinda do Senhor está próxima.
9 Аз якдигар, бародарон, арзу шикоят накунед, вагарна ҳукм мешавед, зеро Ҳукмкунанда дар остонаи дар истодааст.
9 Irmãos, não se queixem uns dos outros, para que não sejam julgados. O Juiz já está às portas!
10 Хӯш, бародарон, аз пайғамбароне, ки аз номи Худованд пайғом медоданд, ибрат бигиред, ки чӣ тавр онҳо дар вақти азобу шиканҷаҳо сабру тоқат нишон медоданд.
10 Irmãos, tenham os profetas que falaram em nome do Senhor como exemplo de paciência diante do sofrimento.
11 Шумо медонед, ки мо онҳоеро пурбаракат мешуморем, ки ба азобҳо тоб меоваранд. Тавре ки шумо шунидаед, чӣ гуна Айюб пайғамбар бо сабру тоқат аз азобҳо гузашт ва медонед, ки Худованд дар охир барояш чӣ кор кард. Худованд пур аз раҳму шафқат аст.
11 Como vocês sabem, nós consideramos felizes aqueles que mostraram perseverança. Vocês ouviram falar sobre a paciência de Jó e viram o fim que o Senhor lhe proporcionou. O Senhor é cheio de compaixão e misericórdia.
12 Аз ҳама муҳимаш, бародаронам, ҳеҷ қасам нахӯред, на бо Худо, на бо замин ва на бо ҳеҷ чизи дигар. Бигзор «ҳа» гуфтани шумо «ҳа» бошад ва «не» гуфтанатон «не» бошад. Вагарна шумо ҳукм мешавед.
12 Sobretudo, meus irmãos, não jurem nem pelo céu, nem pela terra, nem por qualquer outra coisa. Seja o sim de vocês, sim, e o não, não, para que não caiam em condenação.
13 Агар касе аз байни шумо мушкилие дошта бошад, бояд дуо кунад. Агар хурсанд бошад, бояд сурудҳои ҳамду сано бихонад.
13 Entre vocês há alguém que está sofrendo? Que ele ore. Há alguém que se sente feliz? Que ele cante louvores.
14 Агар касе бемор бошад, бояд роҳбарони ҷамоати имондоронро даъват кунад, то ки барояш дуо кунанду бо номи Худованд бар бемор равған моланд.
14 Entre vocês há alguém que está doente? Que ele mande chamar os presbíteros da igreja, para que estes orem sobre ele e o unjam com óleo, em nome do Senhor.
15 Он гоҳ дуои боимон беморро шифо мебахшад ва Худованд ӯро аз бистари беморӣ мехезонад. Агар ӯ гуноҳ карда бошад, гуноҳаш бахшида мешавад.
15 E a oração feita com fé curará o doente; o Senhor o levantará. E se houver cometido pecados, ele será perdoado.
16 Бинобар ин дар пеши якдигар ба гуноҳҳоятон иқрор шавед ва барои якдигар дуо кунед, то ки шифо ёбед. Дуои шахси дурусткор боқудрат ва натиҷабахш аст.
16 Portanto, confessem os seus pecados uns aos outros e orem uns pelos outros para serem curados. A oração de um justo é poderosa e eficaz.
17 Илёс пайғамбар низ шахсе мисли мо буд, аммо вақте аз сидқи дил дуо кард, ки борон наборад, сеюним сол ба замин борон наборид.
17 Elias era humano como nós. Ele orou fervorosamente para que não chovesse, e não choveu sobre a terra durante três anos e meio.
18 Боз дуо кард, ки борон борад ва аз осмон борон бориду замин ҳосил дод.
18 Orou outra vez, e o céu enviou chuva, e a terra produziu os seus frutos.
19 Пас, эй бародаронам, бидонед, ки агар касе аз байни шумо аз роҳи ростӣ барояду дигаре ӯро ба роҳ баргардонад,
19 Meus irmãos, se algum de vocês se desviar da verdade e alguém o trouxer de volta,
20 вай гунаҳкорро аз роҳи хато баргардонда, ӯро аз марг наҷот медиҳад ва гуноҳҳои зиёдаш бахшида мешаванд.
20 lembrem-se disso: Quem converte um pecador do erro do seu caminho, salvará a vida dessa pessoa e fará que muitíssimos pecados sejam perdoados.
Atalhos do teclado
- Capítulo anterior←
- Próximo capítulo→
- Versículo anteriork
- Próximo versículoj
- Limpar seleçãoEsc
- Esta ajuda?
Estude este capítulo no WhatsApp
Peça à IA da Bíblia Fala para explicar Tiago 5, comparar traduções ou montar um estudo — tudo direto pelo WhatsApp.