Mateus 24
Хушхабар (TGK) vs VC
1 Исо Хонаи Худоро тарк карда, ба роҳ баромада буд, ки шогирдонаш ба наздаш омаданду диққаташро ба биноҳои Хонаи Худо ҷалб карданӣ шуданд.
1 Ao sair do templo, os discípulos aproximaram-se de Jesus e fizeram-no apreciar as construções.
2 Ӯ ба онҳо гуфт: «Шумо ҳоло ин биноҳоро мебинед? Ба ростӣ ба шумо мегӯям, ки санг бар болои сангаш намонда, ҳамааш ба замин яксон мешавад».
2 Jesus, porém, respondeu-lhes: Vedes todos estes edifícios? Em verdade vos declaro: não ficará aqui pedra sobre pedra; tudo será destruído.
3 Ҳангоме ки Исо ба теппаи Зайтун баромада нишаст, шогирдонаш дар танҳоӣ ба пеши Ӯ омада пурсиданд: «Ба мо бигӯед, ки ин ҳодиса кай рӯй медиҳад ва омадани Шумову наздикшавии охирзамонро аз кадом нишона мефаҳмем?»
3 Indo ele assentar-se no monte das Oliveiras, achegaram-se os discípulos e, estando a sós com ele, perguntaram-lhe: Quando acontecerá isto? E qual será o sinal de tua volta e do fim do mundo?
4 Исо дар ҷавоб ба онҳо гуфт: «Эҳтиёт шавед, ки мабодо касе шуморо гумроҳ накунад.
4 Respondeu-lhes Jesus: Cuidai que ninguém vos seduza.
5 Зеро бисёр касоне пайдо мешаванд, ки гӯё аз номи Ман омада бошанду „Ман Таъиншудаи Худо“ мегӯянд ва бисёр одамонро гумроҳ мекунанд.
5 Muitos virão em meu nome, dizendo: Sou eu o Cristo. E seduzirão a muitos.
6 Шумо садоҳо ва овозаҳои ҷангҳоро мешунавед, лекин ба воҳима наафтед. Чунин ҳодисаҳо бояд рӯй диҳанд, вале ин маънои фаро расидани охирзамонро надорад.
6 Ouvireis falar de guerras e de rumores de guerra. Atenção: que isso não vos perturbe, porque é preciso que isso aconteça. Mas ainda não será o fim.
7 Як халқ бо халқи дигар ҷанг мекунад ва як давлат ба давлати дигар ҳуҷум мекунад. Дар ҳар ҷо қаҳтию гуруснагӣ ба амал меояд ва заминҷунбиҳо рӯй медиҳанд.
7 Levantar-se-á nação contra nação, reino contra reino, e haverá fome, peste e grandes desgraças em diversos lugares.
8 Ҳамаи ин ҳодисаҳо монанди саршавии дарди зоидан мебошанд.
8 Tudo isto será apenas o início das dores.
9 Баъд шуморо дастгир карда, азоб медиҳанд ва ҳатто ба дасти марг месупоранд. Ба сабаби Маро пайравӣ карданатон ҳамаи халқҳо ба шумо бо чашми нафрат нигоҳ мекунанд.
9 Então sereis entregues aos tormentos, matar-vos-ão e sereis por minha causa objeto de ódio para todas as nações.
10 Он гоҳ бисёр касон имонашонро аз даст медиҳанду ба якдигар хиёнат мекунанд ва якдигарро бад мебинанд.
10 Muitos sucumbirão, trair-se-ão mutuamente e mutuamente se odiarão.
11 Дар он айём пайғамбарони бардурӯғи зиёд пайдо мешаванд ва бисёр касонро гумроҳ мекунанд.
11 Levantar-se-ão muitos falsos profetas e seduzirão a muitos.
12 Бадиву разилӣ то андозае меафзояд, ки дар дили бисёр одамон муҳаббат намемонад.
12 E, ante o progresso crescente da iniqüidade, a caridade de muitos esfriará.
13 Вале касе, ки то ба охир истодагарӣ намояд, наҷот хоҳад ёфт.
13 Entretanto, aquele que perseverar até o fim será salvo.
14 Ин хушхабар дар бораи подшоҳии Худо бошад, дар саросари дунё эълон карда мешавад, то ки ҳар халқ имконияти шунидани онро пайдо кунад. Танҳо баъд аз ин охирзамон меояд.
14 Este Evangelho do Reino será pregado pelo mundo inteiro para servir de testemunho a todas as nações, e então chegará o fim.
15 Шумо дар ҷои муқаддас ҳамон „ифлосиҳоеро, ки Хонаи Худоро ҳаром мекунанд“ ва Дониёл пайғамбар дар бораашон пешгӯӣ карда буд, мебинед». (Бигзор хонанда бифаҳмад, ки ин чӣ маъно дорад).
15 Quando virdes estabelecida no lugar santo a abominação da desolação que foi predita pelo profeta Daniel {9,27} - o leitor entenda bem -
16 «Он вақт, агар касе дар Яҳудия бошад, ба кӯҳистон гурезад.
16 então os habitantes da Judéia fujam para as montanhas.
17 Агар касе дар болои бом бошад, барои гирифтани чизе аз хона поён нафарояд.
17 Aquele que está no terraço da casa não desça para tomar o que está em sua casa.
18 Агар касе дар саҳро бошад, ҳатто барои гирифтани ҷома ҳам барнагардад.
18 E aquele que está no campo não volte para buscar suas vestimentas.
19 Вой бар ҳоли заноне, ки он рӯзҳо ҳомиладор хоҳанд буд ва модароне, ки кӯдаки ширхор хоҳанд дошт!
19 Ai das mulheres que estiverem grávidas ou amamentarem naqueles dias!
20 Дуо кунед, ки гурехтани шумо ба зимистон ё рӯзи истироҳат рост наояд.
20 Rogai para que vossa fuga não seja no inverno, nem em dia de sábado;
21 Зеро азобу даҳшати он айём ба дараҷае мерасад, ки аз рӯзи офариниши дунё то ба имрӯз монанди он ҳеҷ рӯй надодааст ва дигар рӯй нахоҳад дод.
21 porque então a tribulação será tão grande como nunca foi vista, desde o começo do mundo até o presente, nem jamais será.
22 Аммо Худо он рӯзҳои азобро кӯтоҳ кардааст, чунки агар кӯтоҳ намекард, дар рӯи замин касе зинда намемонд. Ба хотири интихобкардагонаш Худо он рӯзҳоро ҳатман кӯтоҳ хоҳад кард.
22 Se aqueles dias não fossem abreviados, criatura alguma escaparia; mas por causa dos escolhidos, aqueles dias serão abreviados.
23 Пас, агар касе ба шумо гӯяд, ки „Бинед, ана Таъиншудаи Худо дар ин ҷост!“ ё „Ӯ ана дар он ҷост!“, бовар накунед.
23 Então se alguém vos disser: Eis, aqui está o Cristo! Ou: Ei-lo acolá!, não creiais.
24 Зеро одамоне пайдо мешаванд, ки худро Таъиншудаи Худо ва пайғамбар меноманд, аммо дар асл чунин нестанд. Онҳо ба фиреб додани ҳама ва ҳатто одамоне, ки Худо барои худ интихоб кардааст, кӯшиш карда, мӯъҷизаҳои аҷоибу ғароиб нишон медиҳанд.
24 Porque se levantarão falsos cristos e falsos profetas, que farão milagres a ponto de seduzir, se isto fosse possível, até mesmo os escolhidos.
25 Ана, Ман пешакӣ шуморо огоҳ карда мондам.
25 Eis que estais prevenidos.
26 Агар одамон ба шумо гӯянд, ки „Бинед, Масеҳ дар биёбон аст!“, ба он ҷо наравед. Ё агар гӯянд, ки „Бинед, Вай дар ҷои пинҳонӣ аст!“, бовар накунед.
26 Se, pois, vos disserem: Vinde, ele está no deserto, não saiais. Ou: Lá está ele em casa, não o creiais.
27 Чунки омадани Фарзанди Инсон мисли дурахши барқе мешавад, ки тамоми осмонро аз шарқ то ба ғарб фаро мегирад.
27 Porque, como o relâmpago parte do oriente e ilumina até o ocidente, assim será a volta do Filho do Homem.
28 Ҷои ҷасади мурда аз он маълум аст, ки паррандаҳои лошахӯр он ҷо гирд меоянд.
28 Onde houver um cadáver, aí se ajuntarão os abutres.
29 Баъд аз азобу даҳшати он рӯзҳо фавран офтоб тира мегардад ва моҳ дигар равшанӣ намедиҳад, ситораҳо аз осмон поён меафтанд ва ҳама чиз дар осмон ба ҷунбиш меояд.
29 Logo após estes dias de tribulação, o sol escurecerá, a lua não terá claridade, cairão do céu as estrelas e as potências dos céus serão abaladas.
30 Он вақт нишонаи омадани Фарзанди Инсон дар осмон намоён мегардад ва дар болои абр бо қудрат ва шӯҳрату ҷалол омадани Ӯро ҳамаи одамони рӯи замин дида гиряву нола мекунанд.
30 Então aparecerá no céu o sinal do Filho do Homem. Todas as tribos da terra baterão no peito e verão o Filho do Homem vir sobre as nuvens do céu cercado de glória e de majestade.
31 Фарзанди Инсон фариштаҳои худро бо садои баланди карнай барои аз ҳар гӯшаву канори дунё ҷамъ кардани интихобкардагонаш мефиристад.
31 Ele enviará seus anjos com estridentes trombetas, e juntarão seus escolhidos dos quatro ventos, duma extremidade do céu à outra.
32 Аз дарахти анҷир ибрат гиред. Ҳамин ки шохаҳояш муғча карда барг бароварданро сар кунанд, шумо аниқ медонед, ки ба қарибӣ тобистон меояд.
32 Compreendei isto pela comparação da figueira: quando seus ramos estão tenros e crescem as folhas, pressentis que o verão está próximo.
33 Айнан ҳамин тавр, ҳангоме ки ба амал омадани ин ҳодисаҳоро мебинед, донед, ки вақт наздик, дар дами остона аст.
33 Do mesmo modo, quando virdes tudo isto, sabei que o Filho do Homem está próximo, à porta.
34 Ба ростӣ ба шумо мегӯям, ки ҳанӯз одамони ин насл аз олам нагузашта, ҳамаи ин ҳодисаҳо ба амал меоянд.
34 Em verdade vos declaro: não passará esta geração antes que tudo isto aconteça.
35 Замину осмон нест мешаванд, аммо гуфтаҳои Ман то абад мемонанд.
35 O céu e a terra passarão, mas as minhas palavras não passarão.
36 Лекин кай фаро расидани он рӯзу соатро ғайр аз Падар касе намедонад: на фариштаҳои осмон на Писар.
36 Quanto àquele dia e àquela hora, ninguém o sabe, nem mesmo os anjos do céu, mas somente o Pai.
37 Ҳангоми омадани Фарзанди Инсон бошад, айнан ҳамон воқеае рӯй медиҳад, ки дар замони Нӯҳ пайғамбар рӯй дода буд.
37 Assim como foi nos tempos de Noé, assim acontecerá na vinda do Filho do Homem.
38 Дар он рӯзҳо ҳам пеш аз саршавии тӯфон ва обхезӣ одамон мехӯрданду менӯшиданд, зан мегирифтанду ба шавҳар мебаромаданд. То он рӯзе, ки Нӯҳ ба киштӣ даромад, ҳамин тавр давом медод.
38 Nos dias que precederam o dilúvio, comiam, bebiam, casavam-se e davam-se em casamento, até o dia em que Noé entrou na arca.
39 Баъд аз он ҳам одамон аз дунё бехабар буданд, то даме ки тӯфон сар шуду об ҳамаи онҳоро несту нобуд кард. Ҳангоми омадани Фарзанди Инсон низ чунин ҳодиса рӯй медиҳад.
39 E os homens de nada sabiam, até o momento em que veio o dilúvio e os levou a todos. Assim será também na volta do Filho do Homem.
40 Он вақт ду кас дар саҳро кор мекунанд ва якеаш гирифта мешаваду дигараш мемонад.
40 Dois homens estarão no campo: um será tomado, o outro será deixado.
41 Ду зан дар осиёб гандум орд мекунанд ва якеаш гирифта мешаваду дигараш мемонад.
41 Duas mulheres estarão moendo no mesmo moinho: uma será tomada a outra será deixada.
42 Пас, ҳушёр бошед, чунки рӯзи омадани Худовандатонро намедонед.
42 Vigiai, pois, porque não sabeis a hora em que virá o Senhor.
43 Бидонед, ки агар соҳибхона вақти омадани дуздро донад, вай тамоми шаб бедор меистад ва намегузорад, ки дузд ба хонааш зада дарояд.
43 Sabei que se o pai de família soubesse em que hora da noite viria o ladrão, vigiaria e não deixaria arrombar a sua casa.
44 Аз ин рӯ, шумо низ бояд ба омадани Фарзанди Инсон ҳамеша тайёр бошед, чунки Вай соате меояд, ки шумо мунтазираш нестед.
44 Por isso, estai também vós preparados porque o Filho do Homem virá numa hora em que menos pensardes.
45 Хизматгори бовафо ва дурандеш кист? Касест, ки соҳибаш ӯро дар хоҷагии худ назоратчӣ таъин мекунад ва ба хизматгорон дар вақташ тақсим карда додани хӯрокро ба ӯҳдааш мегузорад.
45 Quem é, pois, o servo fiel e prudente que o Senhor constituiu sobre os de sua família, para dar-lhes o alimento no momento oportuno?
46 Хушо хизматгоре, ки ӯро соҳибаш ҳангоми баргаштан дар сари иҷрои вазифааш меёбад.
46 Bem-aventurado aquele servo a quem seu senhor, na sua volta, encontrar procedendo assim!
47 Ба ростӣ ба шумо мегӯям, ки соҳибаш вайро бар тамоми молу мулкаш назоратчӣ таъин менамояд.
47 Em verdade vos digo: ele o estabelecerá sobre todos os seus bens.
48 Аммо агар вай хизматгори бад бошад, фикр мекунад, ки соҳибаш дер меояд ва
48 Mas, se é um mau servo que imagina consigo:
49 хизматгорони дигарро латукӯб карда, ҳамроҳи майзадаҳо машғули хӯрдану нӯшидан мешавад.
49 - Meu senhor tarda a vir, e se põe a bater em seus companheiros e a comer e a beber com os ébrios,
50 Ана, дар вақту соате, ки хизматгор аз он бехабару мунтазираш нест, соҳибаш баргашта,
50 o senhor desse servo virá no dia em que ele não o espera e na hora em que ele não sabe,
51 ин хизматгорро ду пора мекунад ва вай ба ҷое, ки дурӯяҳо аз дард дандон ба дандон зада гиря мекунанд, партофта мешавад».
51 e o despedirá e o mandará ao destino dos hipócritas; ali haverá choro e ranger de dentes.
Atalhos do teclado
- Capítulo anterior←
- Próximo capítulo→
- Versículo anteriork
- Próximo versículoj
- Limpar seleçãoEsc
- Esta ajuda?
Estude este capítulo no WhatsApp
Peça à IA da Bíblia Fala para explicar Mateus 24, comparar traduções ou montar um estudo — tudo direto pelo WhatsApp.