Mateus 23
Хушхабар (TGK) vs NVI
1 Сипас Исо ба мардум ва шогирдонаш гуфт:
1 Então, Jesus disse à multidão e aos seus discípulos:
2 «Шариатдонон ва фарисиён барои шарҳ додани шариати Мӯсо ҳақ доранд.
2 "Os mestres da lei e os fariseus se assentam na cadeira de Moisés.
3 Он чи онҳо шарҳ медиҳанд, гӯш кунед ва иҷро намоед. Бо вуҷуди ин, ба рафторашон тақлид накунед, чунки худи онҳо гуфтаҳояшонро иҷро намекунанд.
3 Obedeçam-lhes e façam tudo o que eles lhes dizem. Mas não façam o que eles fazem, pois não praticam o que pregam.
4 Онҳо борҳои гаронеро, ки бардоштанашон вазнин аст, ба дӯши одамон мегузоранд, аммо барои бардошта бурдани онҳо дасти ёрӣ ҳам дароз намекунанд.
4 Eles atam fardos pesados e os colocam sobre os ombros dos homens, mas eles mesmos não estão dispostos a levantar um só dedo para movê-los.
5 Кору борашон фақат дар назди мардум худнамоӣ кардан аст. Ана, ба қуттичаҳои оятдори пешониашон нигоҳ кунед, чӣ хел васеанд! Ё ба пӯпакҳои домани либосашон нигоҳ кунед, чӣ хел дарозанд!
5 "Tudo o que fazem é para serem vistos pelos homens. Eles fazem seus filactérios bem largos e as franjas de suas vestes bem longas;
6 Онҳо дар базмҳо болонишиниро нағз мебинанд ва дар ибодатхонаҳо ба ҷойҳои беҳтарин мешинанд.
6 gostam do lugar de honra nos banquetes e dos assentos mais importantes nas sinagogas,
7 Ба онҳо маъқул аст, ки халқ дар бозорҳо бо иззату эҳтиром онҳоро „устод“ гуфта саломашон диҳанд.
7 de serem saudados nas praças e de serem chamados ‘rabis’.
8 Аммо шуморо набояд унвонҳои „устод“ диҳанд, зеро шумо барои якдигар бародар ҳисоб мешавед ва фақат як устод доред.
8 "Mas vocês não devem ser chamados ‘rabis’; um só é o mestre de vocês, e todos vocês são irmãos.
9 Унвони „падар“-ро низ ба касе дар рӯи замин надиҳед, азбаски фақат як Падар дар осмон доред.
9 A ninguém na terra chamem ‘pai’, porque vocês só têm um Pai, aquele que está nos céus.
10 Шуморо „раис“ ҳам набояд хонанд, чунки Масеҳ раиси яккаву ягонаи шумо аст.
10 Tampouco vocês devem ser chamados ‘chefes’, porquanto vocês têm um só Chefe, o Cristo.
11 Каси бузургтарин дар байни шумо бояд хизматгоратон бошад.
11 O maior entre vocês deverá ser servo.
12 Ҳар касе, ки худро калон мегирад, паст мешавад ва баръакс, ҳар касе, ки худро хоксор мегирад, сарбаланд мешавад».
12 Pois todo aquele que a si mesmo se exaltar será humilhado, e todo aquele que a si mesmo se humilhar será exaltado.
13 — ausente —
13 "Ai de vocês, mestres da lei e fariseus, hipócritas! Vocês fecham o Reino dos céus diante dos homens! Vocês mesmos não entram, nem deixam entrar aqueles que gostariam de fazê-lo.
14 — ausente —
14 "Ai de vocês, mestres da lei e fariseus, hipócritas! Vocês devoram as casas das viúvas e, para disfarçar, fazem longas orações. Por isso serão castigados mais severamente.
15 Вой бар ҳоли шумо, шариатдонону фарисиёни дурӯя! Чунки шумо бо баҳру хушкӣ роҳҳои дуру дароз тай менамоед, то ақаллан касеро пайдо кунед, ки ба дини шумо мегузашта бошад. Лекин, вақте ки чунин одамро пайдо мекунед, вайро аз худатон ду маротиба зиёдтар сазовори дӯзах мегардонед.
15 "Ai de vocês, mestres da lei e fariseus, hipócritas, porque percorrem terra e mar para fazer um convertido e, quando conseguem, vocês o tornam duas vezes mais filho do inferno do que vocês.
16 Вой бар ҳоли шумо, роҳнамоёни кӯр! Шумо таълим медиҳед, ки агар касе ба Хонаи Худо қавлу қасам хӯрад, қасамаш эътибор надорад, аммо агар ба тиллое, ки дар Хонаи Худо ҳаст, қавлу қасам хӯрад, қавлашро ҳатман бояд иҷро кунад.
16 "Ai de vocês, guias cegos!, pois dizem: ‘Se alguém jurar pelo santuário, isto nada significa; mas se alguém jurar pelo ouro do santuário, está obrigado por seu juramento’.
17 Эй кӯрони беақл! Охир қадри чӣ баландтар аст: тилло ё ин ки Хонаи Худо, ки тиллои дар он бударо муқаддас мегардонад?
17 Cegos insensatos! Que é mais importante: o ouro ou o santuário que santifica o ouro?
18 Шумо боз таълим медиҳед, ки агар касе ба қурбонгоҳ қавлу қасам хӯрад, қасамаш эътибор надорад, аммо агар ба қурбонии болои қурбонгоҳбуда қавлу қасам хӯрад, қавлашро ҳатман бояд иҷро кунад.
18 Vocês também dizem: ‘Se alguém jurar pelo altar, isto nada significa; mas se alguém jurar pela oferta que está sobre ele, está obrigado por seu juramento’.
19 Эй кӯрон! Охир чӣ қадри бештаре дорад: қурбонӣ ё қурбонгоҳе, ки қурбониро муқаддас мегардонад?
19 Cegos! Que é mais importante: a oferta, ou o altar que santifica a oferta?
20 Инак, касе ки ба қурбонгоҳ қасам хӯрад, вай ҳам ба қурбонгоҳ ва ҳам ба ҳар қурбоние, ки болои он аст, қасам мехӯрад;
20 Portanto, aquele que jurar pelo altar, jura por ele e por tudo o que está sobre ele.
21 ва касе ба Хонаи Худо қасам хӯрад, вай ҳам ба Хонаи Худо ва ҳам ба Худо, ки дар он ҷо макон дорад, қасам мехӯрад.
21 E o que jurar pelo santuário, jura por ele e por aquele que nele habita.
22 Инчунин, касе ба осмон қасам хӯрад, вай ба тахти Худо ва ҳам ба касе, ки бар он тахт менишинад, қасам мехӯрад.
22 E aquele que jurar pelo céu, jura pelo trono de Deus e por aquele que nele se assenta.
23 Вой бар ҳоли шумо, шариатдонону фарисиёни дурӯя! Чунки шумо аз ҳосили зираву шибиту пудина ҳиссаи даҳумро месупоред, аммо таълимоти муҳимтарини шариатро дар бораи нишон додани адолат, раҳм ва вафодорӣ пурра риоя намекунед. Шумо мебоист ин қонунҳоро риоя мекардеду қонунҳои дигарро низ беэътибор намемондед.
23 "Ai de vocês, mestres da lei e fariseus, hipócritas! Vocês dão o dízimo da hortelã, do endro e do cominho, mas têm negligenciado os preceitos mais importantes da lei: a justiça, a misericórdia e a fidelidade. Vocês devem praticar estas coisas, sem omitir aquelas.
24 Эй роҳнамоёни кӯр! Шумо нӯшокиатонро аз дока мегузаронед, ки мабодо магас дар дарунаш набошад, аммо шутурро фурӯ мебаред.
24 Guias cegos! Vocês coam um mosquito e engolem um camelo.
25 Вой бар ҳоли шумо, шариатдонону фарисиёни дурӯя! Чунки шумо беруни косаву пиёларо мешӯеду дарунашон бошад, аз он чизҳое, ки шумо бо зулму чашмгуруснагӣ ба даст овардаед, пур аст.
25 "Ai de vocês, mestres da lei e fariseus, hipócritas! Vocês limpam o exterior do copo e do prato, mas por dentro eles estão cheios de ganância e cobiça.
26 Эй фарисиёни кӯр! Аввал даруни косаро аз ифлосӣ тоза кунед, он гоҳ беруни он ҳам тоза мешавад!
26 Fariseu cego! Limpe primeiro o interior do copo e do prato, para que o exterior também fique limpo.
27 Вой бар ҳоли шумо, шариатдонон ва фарисиёни дурӯя! Чунки шумо мисли мақбараҳои сафедкардашуда ҳастед, ки аз берун намуди хуб доранд, аммо дарунашон пур аз устухонҳои мурдаҳо ва ҳар гуна ифлосиҳост.
27 "Ai de vocês, mestres da lei e fariseus, hipócritas! Vocês são como sepulcros caiados: bonitos por fora, mas por dentro estão cheios de ossos e de todo tipo de imundície.
28 Айнан ҳамин тавр намуди зоҳири шумо низ дар назари одамон ба накӯкорон монанд аст, аммо дарунатон пур аз дурӯягиву гуноҳ мебошад.
28 Assim são vocês: por fora parecem justos ao povo, mas por dentro estão cheios de hipocrisia e maldade.
29 Вой бар ҳоли шумо, шариатдонону фарисиёни дурӯя! Чунки шумо барои пайғамбарон ва накӯкорон мақбараҳои зебо сохта онҳоро оро медиҳед.
29 "Ai de vocês, mestres da lei e fariseus, hipócritas! Vocês edificam os túmulos dos profetas e adornam os monumentos dos justos.
30 Боз мегӯед, ки агар дар замонҳои аҷдодонатон зиндагӣ мекардед, ҳаргиз ҳамроҳи онҳо ба хунрезии пайғамбарон даст намезадед.
30 E dizem: ‘Se tivéssemos vivido no tempo dos nossos antepassados, não teríamos tomado parte com eles no derramamento do sangue dos profetas’.
31 Бо ин суханонатон бар зидди худ шаҳодат медиҳед, ки шумо дар ҳақиқат фарзандони ҳамон кушандагони пайғамбарон ҳастед.
31 Assim, vocês testemunham contra si mesmos que são descendentes dos que assassinaram os profetas.
32 Хӯш, кори сар кардаи аҷдодонатонро ҳоло шумо ба охир расонед!
32 Acabem, pois, de encher a medida do pecado dos seus antepassados!
33 Эй морон ва морзодагони маккор! Наход гумон кунед, ки аз ҳукми ба дӯзах рафтан халосӣ ёфта метавонед?
33 "Serpentes! Raça de víboras! Como vocês escaparão da condenação ao inferno?
34 Инак, ба шумо мегӯям, ки ба наздатон пайғамбарону ҳакимону муаллимонро мефиристам ва шумо баъзеи онҳоро мекушеду баъзеашонро ба салиб мехкӯб мекунед, баъзеашонро дар ибодатхонаҳои худ қамчинкорӣ карда, шаҳр ба шаҳр дунболагирӣ мекунед.
34 Por isso, eu lhes estou enviando profetas, sábios e mestres. A uns vocês matarão e crucificarão; a outros açoitarão nas sinagogas de vocês e perseguirão de cidade em cidade.
35 Ман онҳоро барои он мефиристам, ки ҷавобгарии марги ҳамаи одамони бегуноҳ, аз Ҳобили беайб сар карда то Закарёи писари Баракё, ки байни муқаддастарин ҷои Хонаи Худо ва қурбонгоҳ кушта шуда буд, ба гардани шумо афтад.
35 E, assim, sobre vocês recairá todo o sangue justo derramado na terra, desde o sangue do justo Abel, até o sangue de Zacarias, filho de Baraquias, a quem vocês assassinaram entre o santuário e o altar.
36 Ба ростӣ ба шумо мегӯям, ин насл барои ҳамаи ин кушторҳо ҷазо мебинад!»
36 Eu lhes asseguro que tudo isso sobrevirá a esta geração.
37 Исо суханонашро давом дода гуфт: «Эй Ерусалим, Ерусалим! Пайғамбаронро мекушиву онҳоеро, ки Худо ба наздат мефиристад, сангсор мекунӣ! Ман борҳо орзу доштам, мисли мурғе, ки чӯҷаҳояшро зери болҳояш ҷамъ мекунад, сокинонатро дар гирди худ ҷамъ оварам, вале ту роҳ надодӣ!
37 "Jerusalém, Jerusalém, você, que mata os profetas e apedreja os que lhe são enviados! Quantas vezes eu quis reunir os seus filhos, como a galinha reúne os seus pintinhos debaixo das suas asas, mas vocês não quiseram.
38 Акнун Хонаи Худо дар ту холӣ ва бепарастор мемонад.
38 Eis que a casa de vocês ficará deserta.
39 Ҳоло ба шумо мегӯям, ки минбаъд то „Баракат ёбад касе, ки аз номи Худованд меояд!“ нагӯед, Маро нахоҳед дид».
39 Pois eu lhes digo que vocês não me verão desde agora, até que digam: ‘Bendito é o que vem em nome do Senhor’".
Atalhos do teclado
- Capítulo anterior←
- Próximo capítulo→
- Versículo anteriork
- Próximo versículoj
- Limpar seleçãoEsc
- Esta ajuda?
Estude este capítulo no WhatsApp
Peça à IA da Bíblia Fala para explicar Mateus 23, comparar traduções ou montar um estudo — tudo direto pelo WhatsApp.