Mateus 13

Хушхабар (TGK) vs ACF

Sair da comparação
ACF Almeida Corrigida Fiel
1 Худи ҳамон рӯз Исо аз хона баромаду барои таълим додани мардум сӯи кӯл рафт.
1 Tendo Jesus saído de casa, naquele dia, estava assentado junto ao mar;
2 Аммо дар гирдаш чунон одамони зиёд ҷамъ омаданд, ки Ӯ халқро дар соҳил монда, худаш ба қаиқе савор шуд.
2 E ajuntou-se muita gente ao pé dele, de sorte que, entrando num barco, se assentou; e toda a multidão estava em pé na praia.
3 Исо ба онҳо бисёр чизҳоро бо масалҳо нақл карда мегуфт: «Рӯзе як деҳқон барои кишт кардан мебарояд.
3 E falou-lhe de muitas coisas por parábolas, dizendo: Eis que o semeador saiu a semear.
4 Вақте ки дона мепошад, як миқдори он ба пайраҳа меафтад ва паррандаҳо омада, онҳоро аз замин чида пок-покиза мехӯранд.
4 E, quando semeava, uma parte da semente caiu ao pé do caminho, e vieram as aves, e comeram-na;
5 Миқдори дигари он ба замини санглоху камхок меафтад. Аз сабаби чуқур набудани хоки замин онҳо зуд месабзанд.
5 E outra parte caiu em pedregais, onde não havia terra bastante, e logo nasceu, porque não tinha terra funda;
6 Вале бо баромади офтоб майсаи навхез пажмурда шуда, аз сабаби решаи мустаҳкам надоштан хушк мешавад.
6 Mas, vindo o sol, queimou-se, e secou-se, porque não tinha raiz.
7 Миқдори дигараш ба замини хордор меафтад ва хорҳо қад кашида майсаи навсабзидаро пахш мекунанд.
7 E outra caiu entre espinhos, e os espinhos cresceram e sufocaram-na.
8 Лекин баъзе донаҳо ба замини хуби ҳосилхез афтода, баъзе сад, баъзе шаст ва баъзе сӣ баробар зиёдтар ҳосил медиҳанд».
8 E outra caiu em boa terra, e deu fruto: um a cem, outro a sessenta e outro a trinta.
9 Боз гуфт: «Пас ҳар кӣ Маро мешунавад, бигзор гӯш кунад!»
9 Quem tem ouvidos para ouvir, ouça.
10 Баъдтар шогирдони Исо ба наздаш омада пурсиданд: «Чаро Шумо мардумро бо масалҳо таълим медиҳед?»
10 E, acercando-se dele os discípulos, disseram-lhe: Por que lhes falas por parábolas?
11 Ӯ ба онҳо ҷавоб дод: «Худо ба шумо имконияти фаҳмидани сирру асрори подшоҳии худро додааст, аммо аз онҳо ин чизҳо пинҳон ҳастанд.
11 Ele, respondendo, disse-lhes: Porque a vós é dado conhecer os mistérios do reino dos céus, mas a eles não lhes é dado;
12 Чунки ҳар кӣ чизе дорад, ба ӯ боз ва аз ҳад зиёд дода мешавад, аммо касе, ки надорад, ҳатто он андаке, ки дорад, аз ӯ кашида гирифта мешавад.
12 Porque àquele que tem, se dará, e terá em abundância; mas àquele que não tem, até aquilo que tem lhe será tirado.
13 Ана барои чӣ Ман ба онҳо бо масалҳо нақл мекунам: онҳо дида метавонанду намебинанд, шунида метавонанд, вале на мешунаванду на мефаҳманд.
13 Por isso lhes falo por parábolas; porque eles, vendo, não vêem; e, ouvindo, não ouvem nem compreendem.
14 — ausente —
14 E neles se cumpre a profecia de Isaías, que diz:Ouvindo, ouvireis, mas não compreendereis,e, vendo, vereis, mas não percebereis.
15 — ausente —
15 Porque o coração deste povo está endurecido,E ouviram de mau grado com seus ouvidos,E fecharam seus olhos;Para que não vejam com os olhos,E ouçam com os ouvidos,e compreendam com o coração,e se convertam,e eu os cure.
16 Шумо бошед, хушбахт ҳастед, чунки чашмонатон дида ва гӯшҳоятон шунида метавонанд.
16 Mas, bem-aventurados os vossos olhos, porque vêem, e os vossos ouvidos, porque ouvem.
17 Ба ростӣ ба шумо мегӯям, ки бисёр пайғамбарон ва накӯкорон дар орзуи дидан ва шунидани он чи, ки шумо мебинед ва мешунавед, буданд. Вале онҳо на диданду на шуниданд.
17 Porque em verdade vos digo que muitos profetas e justos desejaram ver o que vós vedes, e não o viram; e ouvir o que vós ouvis, e não o ouviram.
18 Хуб, маънои масалро дар бораи деҳқон гӯш кунед.
18 Escutai vós, pois, a parábola do semeador.
19 Ба пайраҳа афтодани донаҳо монанди он аст, ки баъзе касон каломро дар бораи подшоҳии Худо мешунаванду онро намефаҳманд. Шахси Бад омада каломи ба дили онҳо кошташударо кашида мегирад.
19 Ouvindo alguém a palavra do reino, e não a entendendo, vem o maligno, e arrebata o que foi semeado no seu coração; este é o que foi semeado ao pé do caminho.
20 Ба замини санглох афтодани донаҳо монанди он аст, ки баъзе касон каломро мешунаванду дарҳол бо хушҳолӣ онро қабул мекунанд.
20 O que foi semeado em pedregais é o que ouve a palavra, e logo a recebe com alegria;
21 Вале азбаски реша надоранд, муддати кӯтоҳ бардошт мекунанд. Баъд вақте ки аз барои калом ба душворӣ ва азоб дучор мешаванд, зуд имони худро аз даст медиҳанд.
21 Mas não tem raiz em si mesmo, antes é de pouca duração; e, chegada a angústia e a perseguição, por causa da palavra, logo se ofende;
22 Ба замини хорзор афтодани донаҳо монанди он аст, ки баъзе касон каломро мешунаванд, аммо ғаму ташвиши зиндагӣ ва орзуи бойигарӣ каломро пахш менамояд ва дар натиҷа он ҳеҷ ҳосиле намеорад.
22 E o que foi semeado entre espinhos é o que ouve a palavra, mas os cuidados deste mundo, e a sedução das riquezas sufocam a palavra, e fica infrutífera;
23 Вале ба замини ҳосилхез афтодани донаҳо монанди он аст, ки баъзе касон каломро мешунаванду онро мефаҳманд. Ана онҳо баъзан сад, баъзан шаст ва баъзан сӣ баробар бештар самара медиҳанд».
23 Mas, o que foi semeado em boa terra é o que ouve e compreende a palavra; e dá fruto, e um produz cem, outro sessenta, e outro trinta.
24 Ӯ боз дигар масалро нақл карда гуфт: «Подшоҳии Худоро чунин тасвир кардан мумкин: шахсе ба заминаш донаҳои киштбобро мекорад.
24 Propôs-lhes outra parábola, dizendo: O reino dos céus é semelhante ao homem que semeia a boa semente no seu campo;
25 Лекин, вақте ки ҳама хоб мераванд, душман меояду дар байни гандум тухми алафи бегонаро пошида, меравад.
25 Mas, dormindo os homens, veio o seu inimigo, e semeou joio no meio do trigo, e retirou-se.
26 Сипас, баробари сабзидаву сарак баровардани гандум, алафи бегона низ намоён мегардад.
26 E, quando a erva cresceu e frutificou, apareceu também o joio.
27 Хизматгорон назди соҳиби киштзор омада мегӯянд: „Хоҷа, шумо дар киштзоратон донаҳои гандумро кошта будеду ин алафи бегона аз куҷо пайдо шуд?“
27 E os servos do pai de família, indo ter com ele, disseram-lhe: Senhor, não semeaste tu, no teu campo, boa semente? Por que tem, então, joio?
28 Ӯ ба онҳо ҷавоб дода мегӯяд: „Ин кори душман аст“. Хизматгорон боз мепурсанд: „Мехоҳед, ки мо рафта онҳоро канда партоем?“
28 E ele lhes disse: Um inimigo é quem fez isso. E os servos lhe disseram: Queres pois que vamos arrancá-lo?
29 „Не, — мегӯяд соҳиби киштзор, — чунки алафи бегонаро канданӣ шуда мабодо боз баъзе гандумро ҳам канда напартоед.
29 Ele, porém, lhes disse: Não; para que, ao colher o joio, não arranqueis também o trigo com ele.
30 Бигзор, то вақти ҳосилғундорӣ ҳам гандум ва ҳам алафи бегона истад. Баъд ба даравгарон фармон медиҳам, ки аввал алафи бегонаро канда, даста карда сӯзонанд, сонӣ гандумро даравида, ба анборам ҷамъ кунанд“».
30 Deixai crescer ambos juntos até à ceifa; e, por ocasião da ceifa, direi aos ceifeiros: Colhei primeiro o joio, e atai-o em molhos para o queimar; mas, o trigo, ajuntai-o no meu celeiro.
31 Исо ба онҳо боз масали дигареро нақл карда гуфт: «Подшоҳии Худоро чунин тасвир кардан мумкин: шахсе донаи хардалро гирифта, дар замини худ мекорад.
31 Outra parábola lhes propôs, dizendo: O reino dos céus é semelhante ao grão de mostarda que o homem, pegando nele, semeou no seu campo;
32 Ин дона аз ҳамаи донаҳои дунё майдатарин мебошад, вале вақте ки он месабзад, аз ҳамаи гиёҳҳо калонтар шуда, ба дарахт мубаддал мегардад ва паррандаҳо омада, дар шохаҳои он лона месозанд».
32 O qual é, realmente, a menor de todas as sementes; mas, crescendo, é a maior das plantas, e faz-se uma árvore, de sorte que vêm as aves do céu, e se aninham nos seus ramos.
33 Масали дигаре, ки Вай ба онҳо нақл кард, ин буд: «Подшоҳии Худоро боз чунин тасвир кардан мумкин: Зане каме хамиртуруш мегираду бо як тағора орд омехта, хамир мекунад ва баъд тамоми хамир мерасад».
33 Outra parábola lhes disse: O reino dos céus é semelhante ao fermento, que uma mulher toma e introduz em três medidas de farinha, até que tudo esteja levedado.
34 Исо ҳамаи ин чизҳоро фақат бо масалҳо ба мардум нақл кард ва бе масал сухане ҳам ба онҳо нагуфт.
34 Tudo isto disse Jesus, por parábolas à multidão, e nada lhes falava sem parábolas;
35 Пайғамбаре чунин гуфта буд:
35 Para que se cumprisse o que fora dito pelo profeta, que disse: Abrirei em parábolas a minha boca; Publicarei coisas ocultas desde a fundação do mundo.
36 Вақте ки Исо мардумро монда, ба хона рафт, шогирдонаш ба наздаш омада хоҳиш карданд, ки Ӯ масали дар бораи алафи бегона нақлкардаашро ба онҳо маънидод кунад.
36 Então, tendo despedido a multidão, foi Jesus para casa. E chegaram ao pé dele os seus discípulos, dizendo: Explica-nos a parábola do joio do campo.
37 Вай дар ҷавоб гуфт: «Шахсе, ки донаҳои киштбобро мекорад, Фарзанди Инсон аст;
37 E ele, respondendo, disse-lhes: O que semeia a boa semente, é o Filho do homem;
38 киштзор ин ҷаҳон аст; донаҳои гандум одамони аз они подшоҳии Худо ҳастанд; алафи бегона бошад, одамони аз они Шахси Бад ҳастанд;
38 O campo é o mundo; e a boa semente são os filhos do reino; e o joio são os filhos do maligno;
39 ва душмане, ки тухми алафи бегонаро мекорад, иблис мебошад. Вақти ҳосилғундорӣ охирзамон аст, даравгарон бошанд, фариштаҳоянд.
39 O inimigo, que o semeou, é o diabo; e a ceifa é o fim do mundo; e os ceifeiros são os anjos.
40 Чи тавре ки алафи бегонаро ҷамъ карда, дар оташ месӯзонанд, айнан ҳамин тавр дар охирзамон рӯй медиҳад.
40 Assim como o joio é colhido e queimado no fogo, assim será na consumação deste mundo.
41 Яъне Фарзанди Инсон фариштаҳои худро мефиристад, то ки ҳамаи бадкорон ва ҳамаи васвасакоронро аз дохили подшоҳии Вай ҷудо карда гирифта
41 Mandará o Filho do homem os seus anjos, e eles colherão do seu reino tudo o que causa escândalo, e os que cometem iniqüidade.
42 ба оташи сӯзон партоянд. Дар он ҷо бошад, одамон аз дард дандон ба дандон зада гиря мекунанд.
42 E lançá-los-ão na fornalha de fogo; ali haverá pranto e ranger de dentes.
43 Аммо накӯкорон дар подшоҳии Падарашон мисли офтоб медурахшанд. Пас ҳар кӣ Маро мешунавад, бигзор гӯш кунад!
43 Então os justos resplandecerão como o sol, no reino de seu Pai. Quem tem ouvidos para ouvir, ouça.
44 Подшоҳии Худоро чунин тасвир кардан мумкин: рӯзе як мардикор дар саҳро ганҷинаи касе пинҳонкардаро меёбаду онро боз пинҳон мекунад. Аз шодӣ ӯ рафта тамоми дороияшро мефурӯшаду ҳамон саҳроро мехарад.
44 Também o reino dos céus é semelhante a um tesouro escondido num campo, que um homem achou e escondeu; e, pelo gozo dele, vai, vende tudo quanto tem, e compra aquele campo.
45 Подшоҳии Худоро боз ин тавр тасвир кардан мумкин: савдогаре марворидҳои зебо мекобаду мекобад
45 Outrossim o reino dos céus é semelhante ao homem, negociante, que busca boas pérolas;
46 ва ҳангоме ки марвориди аҷаб зеборо меёбад, рафта, тамоми молу мулкашро фурӯхта, онро мехарад.
46 E, encontrando uma pérola de grande valor, foi, vendeu tudo quanto tinha, e comprou-a.
47 Ана масали дигар, ки бо он подшоҳии Худоро тасвир кардан мумкин: якчанд моҳигир тӯрҳои худро ба кӯл мепартоянду ба тӯрашон ҳар гуна моҳиҳо меафтанд.
47 Igualmente o reino dos céus é semelhante a uma rede lançada ao mar, e que apanha toda a qualidade de peixes.
48 Вақте ки тӯрҳо пур аз моҳӣ мешаванд, моҳигирон онҳоро ба соҳил мекашанду нишаста моҳиҳоро ба нағзу бад ҷудо мекунанд; нағзашро ба сабадҳо меандозанду бадашро мепартоянд.
48 E, estando cheia, a puxam para a praia; e, assentando-se, apanham para os cestos os bons; os ruins, porém, lançam fora.
49 Дар охирзамон низ ҳамин тавр рӯй медиҳад: фариштаҳо баромада, одамони бадкирдорро аз байни накӯкорон ҷудо мекунанд.
49 Assim será na consumação dos séculos: virão os anjos, e separarão os maus de entre os justos,
50 Сонӣ одамони бадкирдорро ба оташи сӯзон мепартоянд, ки дар он ҷо одамон аз дард дандон ба дандон зада гиря мекунанд».
50 E lançá-los-ão na fornalha de fogo; ali haverá pranto e ranger de dentes.
51 Исо аз шогирдонаш пурсид: «Шумо ин гуфтаҳоямро фаҳмидед?» «Фаҳмидем», — ҷавоб доданд онҳо.
51 E disse-lhes Jesus: Entendestes todas estas coisas? Disseram-lhe eles: Sim, Senhor.
52 Ӯ давом дода гуфт: «Пас, ҳар шариатдоне, ки дар бораи подшоҳии Худо таълим ёфтааст, монанди соҳиби хона аст, ки аз анбори худ чизҳои нав ва кӯҳнаро берун мебарорад».
52 E ele disse-lhes: Por isso, todo o escriba instruído acerca do reino dos céus é semelhante a um pai de família, que tira do seu tesouro coisas novas e velhas.
53 Исо нақл кардани масалҳоро тамом карду аз он ҷо баромада
53 E aconteceu que Jesus, concluindo estas parábolas, se retirou dali.
54 ба диёраш баргашт. Ӯ дар ибодатхонаи он ҷо таълим медоду онҳое, ки таълимоташро мешуниданд, ангушти ҳайрат газида ба якдигар мегуфтанд: «Аз куҷо Вай ин қадар ҳикмат дорад-а?» «Қобилияти мӯъҷизакории Ӯ аз куҷо бошад-а?
54 E, chegando à sua pátria, ensinava-os na sinagoga deles, de sorte que se maravilhavam, e diziam: De onde veio a este a sabedoria, e estas maravilhas?
55 Магар Ӯ ҳамон Исои писари дуредгар нест, ки модараш Марям ва бародаронаш Ёқубу Юсуфу Шимъӯну Яҳудо ҳастанд?
55 Não é este o filho do carpinteiro? e não se chama sua mãe Maria, e seus irmãos Tiago, e José, e Simão, e Judas?
56 Магар ҳамаи хоҳаронаш дар шаҳри мо зиндагӣ намекунанд? Пас, аз куҷо Ӯ ин ҳикмату ин қудратро дорад?»
56 E não estão entre nós todas as suas irmãs? De onde lhe veio, pois, tudo isto?
57 Инак, онҳо дар ҳаққи Исо шакку шубҳа карданд.
57 E escandalizavam-se nele. Jesus, porém, lhes disse: Não há profeta sem honra, a não ser na sua pátria e na sua casa.
58 Ва аз сабаби он ки онҳо ба Исо боварӣ надоштанд, Ӯ дар он ҷо кам мӯъҷиза кард.
58 E não fez ali muitas maravilhas, por causa da incredulidade deles.

Ler em outra tradução

Comparar com outra

Estude este capítulo no WhatsApp

Peça à IA da Bíblia Fala para explicar Mateus 13, comparar traduções ou montar um estudo — tudo direto pelo WhatsApp.