Mateus 11

Хушхабар (TGK) vs NTLH

Sair da comparação
NTLH Nova Tradução na Linguagem de Hoje 2000
1 Баъд аз ба дувоздаҳ шогирд вазифа додан Исо аз он ҷо ба шаҳрҳои гирду атроф барои таълим додан ва эълон кардани хушхабар равона шуд.
1 Quando acabou de dar essas ordens aos seus doze discípulos, Jesus saiu daquele lugar e foi ensinar e anunciar a sua mensagem nas cidades que ficavam perto dali.
2 Вақте ки Яҳёи Таъмиддиҳанда дар ҳабсхона менишаст, хабари корнамоии Исои Масеҳ ба гӯшаш расид. Он гоҳ ӯ чанд нафар шогирдашро назди Исо фиристод.
2 João Batista estava na cadeia e, quando ouviu falar do que Cristo fazia, mandou que alguns dos seus discípulos
3 Онҳо омада аз Исо пурсиданд: «Оё Шумо ҳамон шахсе ҳастед, ки омаданашро пешгӯӣ карда буданд ё мо бояд мунтазири каси дигар бошем?»
3 fossem perguntar a ele: — O senhor é aquele que ia chegar ou devemos esperar outro?
4 Исо ба онҳо дар ҷавоб гуфт: «Он чӣ мешунаведу мебинед, рафта ба Яҳё нақл бикунед.
4 Jesus respondeu:
5 Яъне бигӯед, ки чашмони кӯрон бино мешаваду лангон роҳ мегарданд, махавиён пок мешаванду карҳо мешунаванд, мурдаҳо аз нав зинда мешаванд ва ба бенавоён хушхабар эълон карда мешавад.
5 Digam a ele que os cegos veem, os coxos andam, os leprosos são curados, os surdos ouvem, os mortos são ressuscitados, e os pobres recebem o
6 Пас, хушбахт аст касе, ки дар ҳаққи Ман шакку шубҳа намекунад».
6 E felizes são aqueles que não abandonam a sua fé em mim!
7 Ҳангоме ки шогирдони Яҳё ба роҳ даромаданд, Исо ба мардум дар бораи Яҳё суханашро оғоз кард: «Назди Яҳё ба биёбон барои дидани чӣ рафта будед? Барои дидани қамише, ки аз вазидани бод меҷунбад?
7 Quando os discípulos de João foram embora, Jesus começou a dizer ao povo o seguinte a respeito de João:
8 Бигӯед, чаро рафта будед? Магар барои дидани одаме, ки либоси бошукӯҳ мепӯшад? Охир, онҳое, ки либоси бошукӯҳ мепӯшанд, дар қасрҳо зиндагӣ мекунанд.
8 O que foram ver? Um homem bem-vestido? Ora, os que se vestem bem moram nos palácios!
9 Хуллас, барои чӣ рафта будед? Барои дидани пайғамбар? Дуруст, аммо ба шумо мегӯям, ки шумо каси бузургтар аз пайғамбарро дидаед.
9 Então me digam: o que esperavam ver? Um
10 Яҳё ҳамон як одам, ки Худо дар борааш дар навиштаҷот гуфта буд:
10 Porque João é aquele a respeito de quem as
11 Ба ростӣ ба шумо мегӯям, дар байни ҳамаи онҳое, ки аз модар ба дунё омадаанд, бузургтар аз Яҳёи Таъмиддиҳанда касе пайдо нашудааст. Аммо шахси хурдтарин дар подшоҳии Худо бузургтар аз Яҳё аст.
11 Eu afirmo a vocês que isto é verdade: de todos os homens que já nasceram, João Batista é o maior. Porém quem é menor no
12 Аз рӯзе, ки Яҳё ба эълон кардани пайғоми худ шурӯъ намуд, то ба имрӯз подшоҳии Худо аз зӯроварӣ азоб кашид ва одамони боқудрат онро зӯран ба даст оварданӣ ҳастанд.
12 Desde os dias em que João anunciava a sua mensagem, até hoje, o Reino do Céu tem sido atacado com violência, e as pessoas violentas tentam conquistá-lo.
13 Дар навиштаҷоти пайғамбарон ва шариати Мӯсо то замони Яҳё пешгӯиҳо омадаанд;
13 Até o tempo de João, todos os
14 агар шумо ба гуфтаҳои онҳо бовар кардан хоҳед, Яҳё ҳамон Илёс пайғамбар аст, ки омаданашро пешгӯӣ карда буданд.
14 E, se vocês querem crer na mensagem deles, João é Elias, que estava para vir.
15 Ҳар кӣ Маро мешунавад, бигзор гӯш кунад!
15 Se vocês têm ouvidos para ouvir, então ouçam.
16 Хӯш, ин наслро бо кӣ муқоиса намоям? Онҳо монанди кӯдаконе ҳастанд, ки дар кӯча бозӣ мекунанду як гурӯҳи онҳо ба гурӯҳи дигар мегӯяд:
16 — Mas com quem posso comparar as pessoas de hoje? São como crianças sentadas na praça. Um grupo grita para o outro:
17 „Мо бароятон карнай навохтем, аммо шумо рақс накардед! Суруди мотам хондем, нагиристед“.
17 “Nós tocamos músicas de casamento,
18 Инак, Яҳё омада, рӯза медошт ва май наменӯшид, аммо ҳама мегуфтанд, ки ӯ дев дорад.
18 João Batista jejua e não bebe vinho, e todos dizem: “Ele está dominado por um demônio.”
19 Баъд Фарзанди Инсон омаду ҳам мехӯрад ва ҳам менӯшад, аммо ҳама мегӯянд: „Ана одами пурхӯру майзада, ҷӯраи андозгирони беинсофу рафиқи одамони радди маърака!“ Лекин ҳақ будани ҳикмати Худо аз натиҷаҳояш маълум мегардад».
19 O
20 Аҳолии шаҳрҳое, ки дар он Исо мӯъҷизоти зиёд нишон дода буд, тавба накарданд ва аз гуноҳҳояшон даст накашиданд. Бинобар ин Исо онҳоро таъна зада гуфт:
20 Então Jesus começou a acusar as cidades onde tinha feito muitos milagres. Ele fez isso porque os seus moradores não haviam se arrependido dos seus pecados. Jesus disse:
21 «Эй аҳли Кӯрозину аҳли Байт-Сайдо, вой бар ҳоли шумо! Зеро агар он мӯъҷизоте, ки Ман дар байни шумо нишон додам, дар шаҳрҳои худобехабари Сур ва Сидун рӯй медоданд, одамони он кайҳо тавба карда, бар тан либоси дағал пӯшида мӯйканон нишон медоданд, ки онҳо аз гуноҳҳояшон даст кашидаанд.
21 — Ai de você, cidade de Corazim! Ai de você, cidade de Betsaida! Porque, se os milagres que foram feitos em vocês tivessem sido feitos nas cidades de Tiro e de Sidom, os seus moradores já teriam abandonado os seus pecados há muito tempo. E, para mostrarem que estavam arrependidos, teriam vestido roupa feita de pano grosseiro e teriam jogado cinzas na cabeça!
22 Лекин ҳаминро бидонед, ки дар рӯзи ҷазо аҳволи шаҳрвандони Сур ва Сидун аз ҳоли шумо сабуктар хоҳад буд!
22 Pois eu afirmo a vocês que, no Dia do Juízo, Deus terá mais pena de Tiro e de Sidom do que de vocês, Corazim e Betsaida.
23 Инчунин шумо, эй аҳли Кафарнаҳум! Гумон мекунед, ки саратон то ба осмон мерасад, аммо шумо ба дӯзах партофта мешавед. Зеро, агар он мӯъҷизоте, ки Ман дар байни шумо нишон додам, дар шаҳри Садӯм рӯй медоданд, ин шаҳр то ҳол аз рӯи замин нест намешуд.
23 E você, cidade de Cafarnaum, acha que vai subir até o céu? Pois será jogada no
24 Лекин ҳаминро бидонед, ки дар рӯзи ҷазо аҳволи шаҳрвандони Садӯм аз ҳоли шумо сабуктар хоҳад буд!»
24 Pois eu afirmo a vocês que, no Dia do Juízo, Deus terá mais pena de Sodoma do que de você, Cafarnaum.
25 Сипас Исо гуфт: «Шукри Туро мекунам, эй Падар — Худованди замину осмон, ки он чи аз одамони маълумотноку хирадманд пинҳон кардӣ, ба одамони оддӣ ошкор намудаӣ.
25 Naquela ocasião Jesus disse:
26 Оре, Падар, чунин буд хости Ту.
26 Sim, ó Pai, tu tiveste prazer em fazer isso.
27 Падарам ҳама чизро ба Ман додааст. Ба ғайр аз Падар дигар ҳеҷ кас Писарро нағз намешиносад. Инчунин, Падарро ҳеҷ кас нағз намешиносад, ғайр аз Писар ва онҳое, ки Писар интихоб кардааст, то барояшон Падарро зоҳир кунад.
27 — O meu Pai me deu todas as coisas. Ninguém sabe quem é o Filho, a não ser o Pai; e ninguém sabe quem é o Pai, a não ser o Filho e também aqueles a quem o Filho quiser mostrar quem o Pai é.
28 Ҳамаи шумое, ки аз бори вазнин монда шудаед, ба назди Ман биёед ва Ман ба шумо оромӣ мебахшам.
28 — Venham a mim, todos vocês que estão cansados de carregar as suas pesadas cargas, e eu lhes darei descanso.
29 Чунончи барзагов барои андохтани юғ гардан мефурорад, шумо низ ба юғи Ман сар фуроред ва аз Ман таълим бигиред, чунки Ман нармдилу хоксор ҳастам, он гоҳ ҷони шумо оромӣ меёбад.
29 Sejam meus seguidores e aprendam comigo porque sou bondoso e tenho um coração humilde; e vocês encontrarão descanso.
30 Зеро таҳти юғи Ман будан осон аст ва боре, ки Ман медиҳам, сабук аст».
30 Os deveres que eu exijo de vocês são fáceis, e a carga que eu ponho sobre vocês é leve.

Ler em outra tradução

Comparar com outra

Estude este capítulo no WhatsApp

Peça à IA da Bíblia Fala para explicar Mateus 11, comparar traduções ou montar um estudo — tudo direto pelo WhatsApp.