Mateus 10
Хушхабар (TGK) vs NTLH
1 Исо ба наздаш дувоздаҳ шогирдашро даъват карда, ба онҳо қудрат дод, ки рӯҳҳои нопокро берун кунанд ва ҳар дарду касалии одамонро шифо диҳанд.
1 Jesus chamou os seus doze discípulos e lhes deu autoridade para expulsar espíritos maus e curar todas as enfermidades e doenças graves.
2 Ана номҳои он дувоздаҳ вакилаш: аввалин Шимъӯн (ӯро боз Петрус меномиданд), бародари Шимъӯн Андриёс, баъд бародарон Ёқуб ва Юҳанно, ки писарони Забдой буданд,
2 São estes os nomes dos doze apóstolos : primeiro, Simão, chamado Pedro, e o seu irmão André; Tiago e o seu irmão João, filhos de Zebedeu;
3 Филиппус ва Барталмо, Тумо ва Матто (он ки андоз ҷамъ мекард), Ёқуби писари Ҳалфӣ ва Таддо,
3 Filipe, Bartolomeu, Tomé e Mateus, o cobrador de impostos; Tiago, filho de Alfeu; Tadeu
4 Шимъӯни Ватандӯст ва Яҳудои Исқарют, ки баъдтар ба Исо хиёнат мекунад.
4 e Simão, o nacionalista; e Judas Iscariotes, que traiu Jesus.
5 Исо ба ин дувоздаҳ нафар вазифа дода, ба иҷро намудани он фиристод. Ӯ ин тавр гуфт: «Ба назди халқҳои ғайрияҳудӣ наравед ва ба шаҳрҳои сомариён надароед,
5 Jesus enviou esses doze homens, dando-lhes a seguinte ordem:
6 балки назди халқи Исроил, ки монанди гӯсфандони гумроҳшуда ҳастанд, рафта
6 Pelo contrário, procurem as ovelhas perdidas do povo de Israel.
7 эълон кунед, ки подшоҳии Худо наздик аст.
7 Vão e anunciem isto: “O
8 Беморонро шифо диҳед, мурдагонро зинда кунед, махавиёнро пок созед ва девҳоро берун кунед. Ин қудрат ба шумо бепул дода шудааст, пас шумо низ инро бепул кунед.
8 Curem os leprosos e outros doentes, ressuscitem os mortos e expulsem os demônios. Vocês receberam sem pagar; portanto, deem sem cobrar.
9 Вақте ки ба сафар мебароед, бо худ дар камарбандатон на тангаҳои тиллову нуқра ва на тангаҳои мисин гиред,
9 Não levem guardados no cinto nem ouro, nem prata, nem moedas de cobre.
10 на борхалтаву на асо ва на либоси иловагиву на пойафзол гиред, зеро меҳнаткаш сазовори таъминот аст.
10 Nesta viagem não levem sacola, nem uma
11 Ҳангоме ки ба ягон шаҳр ё қишлоқ медароед, одами шоистаро суроғ кунед ва то рӯзи аз он ҷо рафтанатон дар хонаи ӯ бимонед.
11 — Quando entrarem numa cidade ou povoado, procurem alguém que queira recebê-los e fiquem hospedados na casa dessa pessoa até irem embora daquele lugar.
12 Баробари ба он хона даромадан салом диҳед.
12 Quando entrarem numa casa, digam: “Que a paz esteja nesta casa!”
13 Агар он хонадон шуморо нағз қабул кунад, барояшон баракат талаб кунед, дар акси ҳол, бигузор баракататон ба худатон баргардад.
13 Se as pessoas daquela casa receberem vocês bem, que a saudação de paz fique com elas. Mas, se não os receberem bem, retirem a saudação.
14 Вале агар ҳеҷ кас шуморо қабул накунад ё ба суханонатон гӯш надиҳад, он хонадон ё шаҳрро тарк карда истода, ҳамчун нишонаи огоҳӣ чангу хокашро аз поятон биафшонед.
14 E, se em alguma casa ou cidade as pessoas não quiserem recebê-los, nem ouvi-los, saiam daquele lugar. E na saída sacudam o pó das suas sandálias, como sinal de protesto contra aquela gente.
15 Ба ростӣ ба шумо мегӯям, дар рӯзи ҷазо аҳволи шаҳрвандони бадкирдори Садӯм ва Амӯро аз ҳоли он шаҳр сабуктар хоҳад буд.
15 Eu afirmo a vocês que isto é verdade: no Dia do Juízo, Deus terá mais pena das cidades de Sodoma e de Gomorra do que daquela cidade.
16 Инак, Ман шуморо ба назди одамон, гӯё гӯсфандонро ба байни гургҳо мефиристам. Мисли мор ҳушёру мисли кабӯтар безиён бошед.
16 — Escutem! Eu estou mandando vocês como ovelhas para o meio de lobos. Sejam espertos como as cobras e sem maldade como as pombas.
17 Аз одамон эҳтиёт шавед, чунки онҳо шуморо дастгир карда, назди шӯрои калонҳо мебаранд ва дар ибодатхонаҳо қамчинкорӣ мекунанд.
17 Tenham cuidado, pois vocês serão presos, e levados ao tribunal, e serão chicoteados nas
18 Ба хотири Маро пайравӣ карданатон шуморо дар назди ҳокимону подшоҳон ба ҷавобгарӣ мекашанд, то ки дар пеши онҳо ва ғайрияҳудиён дар бораи Ман шаҳодат диҳед.
18 Por serem meus seguidores, vocês serão levados aos governadores e reis para serem julgados e falarão a eles e aos não judeus sobre o
19 Ҳангоме ки шуморо назди шӯрои олӣ мебаранд, ғам нахӯред, ки ба онҳо чӣ бояд гӯед ё чӣ тавр бояд сухан ронед, чунки дар он вақт суханоне, ки бояд гӯед, ба дилатон андохта мешаванд.
19 Quando levarem vocês para serem julgados, não fiquem preocupados com o que deverão dizer ou como irão falar. Quando chegar o momento, Deus dará a vocês o que devem falar.
20 Он гоҳ на ин ки шумо, балки Рӯҳи Падари осмониатон ба воситаи шумо сухан меронад.
20 Porque as palavras que disserem não serão de vocês mesmos, mas virão do Espírito do Pai de vocês, que fala por meio de vocês.
21 Дар он айём бародар бародари худро ба қатл мерасонад ва инчунин падар фарзанди худро. Фарзандон ба падару модари худ муқобил мебароянд ва онҳоро ба дасти марг месупоранд.
21 — Muitos entregarão os seus próprios irmãos para serem mortos, e os pais entregarão os filhos. Os filhos ficarão contra os pais e os matarão.
22 Ба сабаби Маро пайравӣ карданатон ҳама шуморо бад мебинанд. Вале агар шумо то ба охир расидани азобу уқубатҳо ба Ман вафодор монед, наҷот хоҳед ёфт.
22 Todos odiarão vocês por serem meus seguidores. Mas quem ficar firme até o fim será salvo.
23 Вақте ки шуморо азоб доданӣ шуда дар як шаҳр дунболагирӣ кунанд, ба шаҳри дигар гурезед. Ба ростӣ ба шумо мегӯям, ҳанӯз шумо ба ҳамаи шаҳрҳои Исроил нарафта Фарзанди Инсон меояд.
23 Quando vocês forem perseguidos numa cidade, fujam para outra. Eu afirmo a vocês que isto é verdade: vocês não acabarão o seu trabalho em todas as cidades de Israel antes que venha o
24 Шогирд аз устодаш баландтар нест, инчунин хизматгор аз хоҷааш.
24 — Nenhum aluno é mais importante do que o seu professor, e nenhum empregado é mais importante do que o seu patrão.
25 Барои шогирд басанда аст, ки монанди устодаш шавад ва барои хизматгор кофист, ки монанди хоҷааш шавад. Агар сардори хонадонро Баал-Забул, сардори девҳо номида бошанд, пас аъзоёни хонадонро чӣ қадар бадтар меноманд.
25 Portanto, o aluno deve ficar satisfeito em ser como o seu professor, e o empregado, em ser como o seu patrão. Se o chefe da família é chamado de
26 Аз ин рӯ, аз одамон натарсед. Зеро ҳеҷ чизи пӯшидае нест, ки ошкор нашавад ва ҳеҷ чизи пинҳоне нест, ки маълум нагардад.
26 — Portanto, não tenham medo de ninguém. Tudo o que está coberto vai ser descoberto; e tudo o que está escondido será conhecido.
27 Он чи Ман ба шумо махфӣ мегӯям, кушоду равшан гӯед ва он чи дар пичиррос мешунавед, аз болои боми хонаҳо эълон намоед.
27 O que estou dizendo a vocês na escuridão repitam na luz do dia. E o que vocês ouviram em segredo anunciem abertamente.
28 Аз одамон натарсед, ки онҳо ҷисмро мекушанду ҷонро кушта наметавонанд. Балки аз шахсе тарсед, ки ҳам ҷон ва ҳам ҷисмро дар дӯзах нобуд карда метавонад.
28 Não tenham medo daqueles que matam o corpo, mas não podem matar a alma. Porém tenham medo de Deus, que pode destruir no inferno tanto a alma como o corpo.
29 Арзиши ду гунҷишк як танга аст, аммо ҳатто яктои он ба замин намеафтад, ки Падаратон аз он хабардор набошад.
29 Por acaso não é verdade que dois passarinhos são vendidos por algumas moedinhas? Porém nenhum deles cai no chão se o Pai de vocês não deixar que isso aconteça.
30 Аз они шумо бошад, мӯйҳои саратон ҳам ба ҳисоб гирифта шудаанд.
30 Quanto a vocês, até os fios dos seus cabelos estão todos contados.
31 Бинобар ин натарсед, шумо аз бисёр гунҷишкҳо ҳам қиматтар ҳастед.
31 Portanto, não tenham medo, pois vocês valem mais do que muitos passarinhos.
32 Пас, ҳар кӣ дар пеши мардум мегӯяд, ки пайрави Ман аст, Ман низ дар назди Падари осмониам пайрави Ман буданашро тасдиқ мекунам.
32 — Se uma pessoa afirmar publicamente que pertence a mim, eu também, no Dia do Juízo, afirmarei diante do meu Pai, que está no céu, que ela pertence a mim.
33 Лекин ҳар кӣ дар пеши мардум Маро рад мекунад, Ман низ ӯро дар назди Падари осмониам рад мекунам.
33 Mas, se uma pessoa disser publicamente que não pertence a mim, eu também, no Dia do Juízo, direi diante do meu Pai, que está no céu, que ela não pertence a mim.
34 Фикр накунед, ки Ман барои ба замин овардани сулҳ омадаам. Ман барои сулҳ не, балки барои овардани шамшери зиддият омадаам.
34 — Não pensem que eu vim trazer paz ao mundo. Não vim trazer a paz, mas a espada.
35 Ман омадаам, ки писарро ба падар, духтарро ба модар, келинро ба хушдоманаш зид гузорам.
35 Eu vim para pôr os filhos contra os pais, as filhas contra as mães e as noras contra as sogras.
36 Худи аъзои хонадони одам душманони ӯ хоҳанд буд.
36 E assim os piores inimigos de uma pessoa serão os seus próprios parentes.
37 Касе ки падар ё модари худро аз Ман бештар дӯст медорад, лоиқи шогирди Ман шудан нест. Инчунин, касе ки писар ё духтари худро аз Ман бештар дӯст медорад, лоиқи шогирди Ман шудан нест.
37 — Quem ama o seu pai ou a sua mãe mais do que ama a mim não merece ser meu seguidor. Quem ama o seu filho ou a sua filha mais do que ama a mim não merece ser meu seguidor.
38 Касе ки Маро пайравӣ карданӣ шуда бо худ салиби азобу маргашро нагирад, лоиқи шогирди Ман шудан нест.
38 Não serve para ser meu seguidor quem não estiver pronto para morrer como eu vou morrer e me acompanhar.
39 Касе ки ҳаёташро нигоҳ доштан мехоҳад, онро аз даст медиҳад, вале касе ки ба хотири Ман ҳаёташро фидо мекунад, онро нигоҳ медорад.
39 Quem procura os seus próprios interesses nunca terá a vida verdadeira; mas quem esquece a si mesmo, porque é meu seguidor, terá a vida verdadeira.
40 Касе ки шуморо қабул мекунад, дар асл Маро қабул мекунад ва касе ки Маро қабул мекунад, дар асл шахсеро, ки Маро фиристодааст, қабул мекунад.
40 — Quem recebe vocês está recebendo a mim; e quem me recebe está recebendo aquele que me enviou.
41 Касе ки пайғамбарро ба хотири пайғамбар буданаш қабул мекунад, мукофоти пайғамбаронаро хоҳад гирифт. Касе ки одами накӯкорро ба хотири накӯкор буданаш қабул мекунад, мукофоти накӯкоронро хоҳад гирифт.
41 Quem receber um
42 Ҳамчунин, касе ки ба яке аз пайравони хурдтарини Ман ба хотири шогирд буданаш ақаллан як пиёла оби хунук диҳад, ба ростӣ ба шумо мегӯям, бе мукофот нахоҳад монд».
42 — Eu afirmo a vocês que isto é verdade: quem, apenas por ser meu seguidor, der ainda que seja um copo de água fria ao menor dos meus seguidores, certamente receberá a sua recompensa.
Atalhos do teclado
- Capítulo anterior←
- Próximo capítulo→
- Versículo anteriork
- Próximo versículoj
- Limpar seleçãoEsc
- Esta ajuda?
Estude este capítulo no WhatsApp
Peça à IA da Bíblia Fala para explicar Mateus 10, comparar traduções ou montar um estudo — tudo direto pelo WhatsApp.