Lucas 16
Хушхабар (TGK) vs NAA
1 Ҳамчунин Исо ба шогирдонаш гуфт: «Марди сарватманде назоратчие дошт ва ба сарватманд шикоят карданд, ки назоратчиаш молу мулки ӯро беҳуда сарф мекунад.
1 Jesus disse também aos seus discípulos:
2 Хоҷааш вайро ҷеғ зада гуфт: „Ман дар бораи ту чиҳо мешунавам? Ба ман ҳисобот деҳ, ки чӣ корҳо кардаӣ, чунки дигар назоратчии ман шуда наметавонӣ“.
2 Então, chamando-o, lhe disse: “Que é isto que ouço a seu respeito? Preste contas da sua administração, porque você não pode mais ser o meu administrador.”
3 Он гоҳ назоратчӣ худ ба худ гуфт: „Чӣ кор кунам? Хоҷаам маро аз кор холӣ мекунад. Ман бел зада наметавонам ва аз гадоӣ кардан ҳам шарм мекунам.
3 — O administrador, então, se pôs a pensar: “Que farei, agora que estou sendo demitido pelo meu patrão? Trabalhar na terra, não posso. De mendigar, tenho vergonha.
4 Ёфтам чӣ бояд кунам. Бояд коре бикунам, ки вақти бекор монданам одамон маро ба хонаҳояшон роҳ диҳанд“.
4 Já sei o que vou fazer, para que, quando for demitido, as pessoas me recebam em suas casas.”
5 Вай қарздорони хоҷаашро як-як ҷеғ зад ва якумашро пурсид: „Ту аз хоҷаам чӣ қадар қарздор ҳастӣ?“
5 — Tendo chamado cada um dos devedores do seu patrão, perguntou ao primeiro: “Quanto você deve ao meu patrão?”
6 Ҷавоб дод: „Сад хум равғани зайтун“. Назоратчӣ ба вай гуфт: „Ана забонхати ту, зуд нишаста, ба ҷои сад панҷоҳ навис“.
6 Ele respondeu: “Cem barris de azeite.” Então o administrador disse: “Pegue a sua conta, sente-se depressa e escreva cinquenta.”
7 Баъд аз дигаре пурсид: „Ту чӣ қадар қарздор ҳастӣ?“ Ӯ ҷавоб дод: „Сад халта гандум“. Назоратчӣ гуфт: „Ана забонхати ту, ба ҷои сад ҳаштод навис“.
7 Depois, perguntou a outro: “E você, quanto deve?” Ele respondeu: “Cem sacos de trigo.” O administrador lhe disse: “Pegue a sua conta e escreva oitenta.”
8 Вале хоҷааш назоратчии қаллобро таъриф кард, ки зиракиашро ба кор бурда, чунин кардааст. Охир одамони ин дунё дар муносибат бо онҳое, ки мисли худашон ҳастанд, назар ба одамони нур, ки аз они подшоҳии Худо ҳастанд, оқилтаранд.
8 E o patrão elogiou o administrador infiel por sua esperteza. Porque os filhos do mundo são mais espertos na sua própria geração do que os filhos da luz.
9 Пас, Ман ба шумо мегӯям: Пулу моли ин дунёро ба он сарф намоед, ки барои худ дӯстонро пайдо бикунед, то дар вақти тамом шудани бойигариатон онҳо шуморо дар хонаҳои абадӣ қабул кунанд.
9 — E eu recomendo a vocês: usem a riqueza injusta para fazer amigos, para que, quando a riqueza faltar, vocês sejam recebidos nos tabernáculos eternos.
10 Касе, ки дар иҷрои вазифаи майда вафодор бошад, дар иҷрои вазифаи калон ҳам вафодор мемонад. Ҳамчунин касе, ки дар иҷрои кори ночиз беинсоф бошад, дар иҷрои кори муҳим ҳам беинсофӣ мекунад.
10 — Quem é fiel no pouco também é fiel no muito; e quem é injusto no pouco também é injusto no muito.
11 Пас, агар ба шумо бойигарии ин дунёро боварӣ карда нашавад, кӣ ба шумо бойигарии ҳақиқиро боварӣ мекунад?
11 Portanto, se vocês não forem fiéis na aplicação da riqueza injusta, quem lhes confiará a verdadeira riqueza?
12 Ва агар ба шумо бойигарии шахси бегонаро боварӣ карда нашавад, кӣ ба шумо меросатонро медиҳад?
12 Se vocês não são fiéis na aplicação do que é dos outros, quem lhes dará o que é de vocês?
13 Ҳеҷ хизматгор якбора ба ду хоҷа хизмат карда наметавонад, чунки ё якеашро дӯст медораду дигарашро бад мебинад, ё ба яке вафодор мемонаду дигарашро писанд намекунад. Шумо низ наметавонед ҳам бандаи Худо бошеду ҳам бандаи пул».
13 Nenhum servo pode servir a dois senhores; porque irá odiar um e amar o outro ou irá se dedicar a um e desprezar o outro. Vocês não podem servir a Deus e à riqueza.
14 Фарисиён, ки пулпараст буданд, ҳамаи инро шунида, Исоро масхара карданд.
14 Os fariseus, que eram avarentos, ouviam tudo isto e zombavam de Jesus.
15 Вале Ӯ ба онҳо гуфт: «Шумо ҳамон одамоне ҳастед, ки худро дар пеши мардум беайб нишон медиҳед, лекин Худо аз дилҳои шумо бохабар аст. Чизеро, ки одамон олидараҷа мешуморанд, дар назари Худо нафратовар аст.
15 Mas Jesus lhes disse:
16 Шариати Мӯсо ва навиштаҳои пайғамбарон то замони Яҳёи Таъмиддиҳанда амал мекарданд. Аз вақти Яҳё сар карда подшоҳии Худо эълон карда мешаваду ҳама кӯшиш мекунанд, ки зӯр зада вориди он гарданд.
16 — A Lei e os Profetas duraram até João; desde esse tempo o evangelho do Reino de Deus vem sendo anunciado, e todos se esforçam para entrar nele.
17 Вале нест шудани замину осмон осонтар аз он, ки ҳатто нуқтае аз ин қонун бекор карда шавад.
17 E é mais fácil passar o céu e a terra do que cair um til sequer da Lei.
18 Ҳар кӣ зани худро талоқ дода, дигареро ба занӣ гирад, гуноҳи алоқаи беникоҳро мекунад ва ҳар кӣ зани талоқшударо ба занӣ гирад, низ ҳамон гуноҳро содир мекунад.
18 — Quem repudiar a sua mulher e casar com outra comete adultério; e aquele que casa com a mulher repudiada pelo marido também comete adultério.
19 Як замонҳо марди сарватманде зиндагӣ мекард, ки либоси қиматбаҳо мепӯшиду ҳар рӯз хӯроки шоҳона мехӯрд.
19 — Ora, havia certo homem rico que se vestia de púrpura e de linho finíssimo e que se alegrava todos os dias com grande ostentação.
20 Лаъзор ном камбағале, ки тамоми баданаш пур аз захмҳо буд, дар назди дарвозаи марди сарватманд дароз кашида мехобид
20 Havia também certo mendigo, chamado Lázaro, coberto de feridas, que ficava deitado à porta da casa do rico.
21 ва ҳатто сагҳо омада, захмҳои ӯро мелесиданд. Вай орзу мекард, ки шикамашро бо пасмондаҳои хӯроке, ки ба берун партофта мешаванд, сер кунад.
21 Ele desejava alimentar-se das migalhas que caíam da mesa do rico, e até os cães vinham lamber-lhe as feridas.
22 Вақте ки Лаъзор мурд, фариштагон ӯро ба осмон бурда, ба паҳлӯи Иброҳим шинонданд. Марди сарватманд низ мурд ва ӯро гӯронданд.
22 E aconteceu que o mendigo morreu e foi levado pelos anjos para junto de Abraão. Morreu também o rico e foi sepultado.
23 Ҳангоме ки ӯ дар дӯзах азоб мекашид, ба боло нигоҳ кард ва аз дур Иброҳимро дид, ки Лаъзор дар паҳлӯяш менишаст.
23 — No inferno, estando em tormentos, o rico levantou os olhos e viu ao longe Abraão, e Lázaro junto dele.
24 Он сарватманд фарёд зада гуфт: „Эй аҷдодам Иброҳим! Ба ман раҳм кунед ва Лаъзорро бифиристед, то нӯги ангушташро ба об тар карда, забонамро камтар нам кунад. Ман дар ин оташ азоб мекашам“.
24 Então, gritando, disse: “Pai Abraão, tenha misericórdia de mim! E mande que Lázaro molhe a ponta do dedo em água e me refresque a língua, porque estou atormentado neste fogo.”
25 Вале Иброҳим чунин ҷавоб дод: „Ба хотир ор, писар, ту дар вақти зинда буданат аллакай ҳама чизи хубро ба даст оварда будӣ, вале насиби Лаъзор фақат чизи бад дид. Ҳоло бошад, дили вай дар ин ҷо тасаллӣ меёбаду ту азоб мекашӣ.
25 Mas Abraão disse: “Filho, lembre-se de que você recebeu os seus bens durante a sua vida, enquanto Lázaro só teve males. Agora, porém, ele está consolado aqui, enquanto você está em tormentos.
26 Илова бар ин, байни мову шумо чунон ҷарии бетаге вуҷуд дорад, ки агар касе аз ин тараф ба пеши шумо гузаштан хоҳад ҳам, наметавонад. Ҳамчунин аз он ҷо касе пеши мо гузашта наметавонад“.
26 E, além de tudo, há um grande abismo entre nós e vocês, de modo que os que querem passar daqui até vocês não podem, nem os de lá passar para cá.”
27 Марди сарватманд гуфт: „Пас, эй аҷдод, аз шумо илтимос мекунам, ки Лаъзорро ба хонаи падари ман фиристед.
27 Então o rico disse: “Pai, eu peço que mande Lázaro à minha casa paterna,
28 Охир ман панҷ бародар дорам. Бигзор онҳоро таъкид кунад, то онҳо ҳам ба ин ҷои азоб наафтанд“.
28 porque tenho cinco irmãos; para que lhes dê testemunho, a fim de que não venham também para este lugar de tormento.”
29 Иброҳим ба ӯ гуфт: „Онҳо навиштаҳои Мӯсо ва дигар пайғамбаронро доранд. Бигзор ба суханони онҳо гӯш диҳанд“.
29 Abraão respondeu: “Eles têm Moisés e os Profetas; ouçam-nos.”
30 Аммо мард гуфт: „Не, аҷдодам Иброҳим! Танҳо агар яке аз мурдагон назди онҳо биёяд, тавба хоҳанд кард“.
30 Mas ele insistiu: “Não, pai Abraão; se alguém dentre os mortos for até lá, eles irão se arrepender.”
31 Иброҳим ҷавоб дод: „Модоме ки онҳо ба суханони Мӯсою пайғамбарон гӯш намедиҳанд, ба ҳеҷ кас, ҳатто ба мурдае, ки зинда шудааст, низ бовар нахоҳанд кард“».
31 Abraão, porém, lhe respondeu: “Se não ouvem Moisés e os Profetas, também não se deixarão convencer, mesmo que ressuscite alguém dentre os mortos.”
Atalhos do teclado
- Capítulo anterior←
- Próximo capítulo→
- Versículo anteriork
- Próximo versículoj
- Limpar seleçãoEsc
- Esta ajuda?
Estude este capítulo no WhatsApp
Peça à IA da Bíblia Fala para explicar Lucas 16, comparar traduções ou montar um estudo — tudo direto pelo WhatsApp.